eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ ОМӮЗИШ ВА ТАТБИҚИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ҶСК “СИСТЕМАВТОМАТИКА”
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ ОМӮЗИШ ВА ТАТБИҚИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ҶСК “СИСТЕМАВТОМАТИКА”
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
6 July 2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ ОМӮЗИШ ВА ТАТБИҚИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ҶСК “СИСТЕМАВТОМАТИКА”
Имрӯз, 3 июл Озмоишгоҳи муштараки омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назди ҶСК «Системавтоматика» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 3 июл
Озмоишгоҳи муштараки омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назди ҶСК «Системавтоматика» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, олимону муҳаққиқон ва коршиносони вазорату идораҳои дахлдор мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки таъсиси озмоишгоҳи мазкур дар доираи амалисозии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди «энергияи сабз», истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Зикр шуд, ки озмоишгоҳи навбунёд барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, озмоиш ва татбиқи технологияҳои муосир дар самти истифодаи неруи офтоб, омода намудани мутахассисони баландихтисос, татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо бахши истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иброз гардид, ки фаъолияти озмоишгоҳ ба омӯзиши имкониятҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии системаҳои офтобӣ, мутобиқсозии технологияҳои муосир ба шароити иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи пешниҳодҳои илмӣ барои рушди соҳаи энергетика ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар амалия равона карда мешавад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани озмоишгоҳи муштарак қадами муҳим дар таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот буда, барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори «иқтисоди сабз», мусоидат хоҳад намуд.