Имрӯз, 6 июл бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар Институти масъалаҳои об,…
Имрӯз, 6 июл бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи наву замонавии «Энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки Озмоишгоҳи «Энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ» яке аз воҳидҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро ба омӯзиш, таҳлил ва татбиқи технологияҳои муосири энергетикӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ ва рушди энергосарфанамоӣ равона менамояд.