Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа, сарчашмаи амну осоиштагӣ, саодат, шукуфоӣ, қудрату бурдборӣ ва саодати рӯзгори халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бо талошҳои шабонарӯзию хастанопазир ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, дар ҷумҳурӣ сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ таъмин карда шуд. Арзишҳои болозикр имкон медиҳанд, ки пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам, манфиатҳои миллӣ ҳифз ва ҳадафҳои стратегии мамлакат амалӣ карда шаванд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни “Ваҳдатӣ миллӣ” боз як руйдоди фараҳбахши муҳимми сиёсӣ, ки дар таърихи давлатдории миллӣ бо хатҳои заррин навишта мешавад ба вуқуъ пайваст, ки аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунии низоъҳои ҷаҳонӣ барои қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036» ташаббуси беназир нишон дода, барои сулҳ ва осоиши инсонҳои олам қадами ҷиддӣ гузоштанд.
Дар заминаи таҳкими сулҳу субот олимон ва муҳаққиқони ҷавон метавонанд бе монеа ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шаванд, ҷиҳати дар истеҳсолот татбиқ намудани навгониҳои илмии худ бо муассисаҳои илмии дохилу хориҷ ҳамкорӣ кунанд. Агар дар ҷомеа нооромӣ вуҷуд дошта бошад, имкониятҳои таҳсил, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ маҳдуд мегарданд.
Оморе, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад дар фаъолияти амалии институтҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дида мешавад. Бо назардошти фароҳам овардани шароитҳои моддӣ, ташкили озмоишгоҳҳои замонавии бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва ба роҳ мондани корҳои илмию таҳқиқотӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад. Бо мақсади дастгирии олимони ҷавон, фароҳам овардани шароити хуб барои анҷоми корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо дар назди институтҳои АМИТ 15 шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст.
Танҳо дар шашмоҳи соли 2026 дар шуроҳои диссертатсионӣ 61 ҳимоя баргузор гардид, ки аз он 5 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 15 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) ва 41 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм мебошанд.
Аз шумораи умумии 61 ҳимояи диссертатсияи баргузоргардида, 12 ҳимояи диссертатсия (19,7%) кормандони АМИТ мебошанд. Аз ҷумла 3 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 3 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) ва 6 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм мебошанд.
Айни ҳол, дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ 275 нафар унвонҷӯён, 19 нафар аспирантон, 11 нафар постдокторант ва 3 нафар унвонҷӯ-докторантон барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ сафарбар гардидаанд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар институтҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз руйи 44 ихтисос 184 нафар докторантони PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки машғули корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар зинаи таҳсилоти магистратура 235 нафар аз рӯйи 27 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки фаъолияти хуби илмӣ нишон дода, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, озмуни “Беҳтарин донандаи конститутсия”, озмуни “Шоҳномахонӣ”, “Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе” ва “Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар хулоса ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар фазои танинандози Ваҳдати миллӣ ҳукумати мамлакат ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ва илм маблағгузории бештарро равона карда, диққати махсусро ба бунёди озмоишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва муҷаҳҳаз кардани инфрасохтори соҳаи маориф ва илм равона сохта, ҷавононро ба фаъолияти илмӣ ҷалб намудааст. Ин раванд ба омода шудани мутахассисони баландихтисос ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод, технология, тиб, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа мусоидат карда истодааст.
Дар фарҷом андешаҳои худро бо мисраъҳои шеърӣ ҷамбаст менамоем.
Биё, эй ҳамватан дигар намирем,
Худиро бо худӣ душман нагирем.
Худо фармуд, сулҳ беҳтар зи ҷанг аст,
Биё амри Худои хеш гирем...
Бас аст душмангароӣ, эй ватанхоҳ,
Барои ваҳдати миллат бимирем!
РАЙЁСАТИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН