Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат 29- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Фаромӯш набояд кард, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеан нодиру фараҳбахши таърихӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам оварда, дар ин раванд мавқеи давлати мустақили Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардид. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ сулҳу суббот ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқии мамлакат таъмин гардида, обурӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон боз як рӯйдоди фараҳбахшу муҳимми сиёсӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар баробари дигар ташаббусҳои наҷиби байналмилалӣ ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” якдилона қабул гардид.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 24-уми сентябри соли 2024 вазъи сиёсию муташаниҷи ҷаҳони муосирро таҳлил намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳасосу мураккаб қарор дошта, равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Дар робита ба ин қайд карданд, ки ҳоло вақти он расидааст, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра чораҳои муассир андешида шавад. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Мутаҳид ташаббуси махсуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Пешвои миллат аз ин пешниҳоди хеш зимни суханронӣ дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки бо гузашти як сол вобаста ба тезу тунд шудани вазъи сиёсии ҷомеа масъалаи қабули чунин қатънома боз ҳам аҳаммияти бештар пайдо намуда истодааст.
Хушбахтона, санаи 25-уми июни соли 2026 дар таърихи давлатдории навини миллӣ боз як саҳифаи дурахшон варақгардон гардида, дар қатори дигар ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси наҷиби Пешвои миллат-эълон гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тавассути қатъномаи Созмони милали Мутаҳид қабул гардид, ки ин рӯйдоди муҳим ва навиди фараҳбахш дар осотнаи бузургтарин ҷашни умумимиллӣ-29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ рост омад.
Таърихи 35-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол далел аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ваъдаашон вафо намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯзҳои амну осоиштагӣ ва якдилию якмаромии тамоми мардуми тоҷик расониданд. Пойдорӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд. Сулҳи тоҷикон сулҳи якрӯза, яксола ё барои як даҳсола нест, балки сулҳест барои имрӯзу фардою фардоҳои дигар. Сулҳ пойдорӣ, номдорӣ ва бардавомии миллату давлат аст. Ин сулҳ ҳушдор медиҳад, ки инсон бе сулҳу суботу ваҳдат ва бе амният вуҷуд дошта наметавонад. Сулҳи мо, тоҷикон аз сабақҳои омӯзандаи таърих ва фарҳанги миллатамон ибтидо мегирад.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин падидае ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба он мубориза мебаранд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 29 сол қабл аз ин бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шоҳроҳи Ваҳдати миллӣ ворид шуд.
Ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии халқу шукуфоии Ватанро таъмин намуда, вазифаи ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳимоя намояд.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!