eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ГАНҶИНАИ ШУЪБАИ ФАРҲАНГНИГОРӢ ВА ИСТИЛОҲОТ ДАР ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ АМИТ
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ГАНҶИНАИ ШУЪБАИ ФАРҲАНГНИГОРӢ ВА ИСТИЛОҲОТ ДАР ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ АМИТ
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
26 June 2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ГАНҶИНАИ ШУЪБАИ ФАРҲАНГНИГОРӢ ВА ИСТИЛОҲОТ ДАР ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ АМИТ
Имрӯз, 26 июн дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ганҷинаи шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-солагии Рӯзи Ваҳдати…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 26 июн дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ганҷинаи шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» баъд аз солҳои зиёд аз нав таъмиру таҷдид гардида, бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки Ганҷинаи маводи мазкур ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии шуъба (1943-44) ташкил карда шудааст, ки онро баргаҳои дастнависи Ганҷина собит мекунад. Нахустин феҳристи осори адабӣ, таърихӣ ва илмие, ки ба ҳайси манбаъ истифода мешуданд, соли 1953 таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Таъкид гардид, ки захираи барга-мисолҳои
Ганҷина аз адабиёти классикии тоҷику форс ва осори бадеии адибони муосири тоҷику форс, асарҳои сиёсиву иҷтимоӣ, илмӣ, китобҳои дарсӣ, матбуоти даврӣ, тарҷумаи асарҳои адибони бузурги ҷаҳон ва ғайра таркиб ёфта, имрӯз ба зиёда аз 4 миллион мерасад. Дар таҳияи маводши Ганҷина онҳое саҳм гирифта буданд, ки дар хатти арабӣ савод доштанд, вале дар интихоби калимаҳо аз адабиёти гуногуни муосир ва бо мисолҳо ба варақаҳо кӯчондани онҳо кор ранги оммавӣ гирифта буд.
Қайд гардид, ки маводди Ганҷина дар ҷевон-блокҳо ҷойгир карда шудааст. Ҳар як блок аз 48 қуттӣ иборат буда, баргаҳо ба теъдоди 2-2,5-ҳазорӣ дар қуттиҳо ба тартиби алифбои берунӣ ва дохилии кириллӣ чида шудааст. То имрӯз аз Ганҷина кормандони шуъба ё хонандагони беруна маводди заруриашонро аз рӯйи тартиби алифбои кириллӣ бо мутолиаи барга-мисолҳо дастӣ пайдо намуда, дар компютерҳо ҳуруфчинӣ мекунанд.
Зикр гардид, ки барга-мисолҳои нав ба шакли дастнавис иншо шуда, бо тартиби алифбоӣ дар қуттиҳо гузошта мешаванд. Азбаски ҳамаи ин корҳо дастӣ сурат мегирад, таҳияи ин ё он фарҳанг солҳо тул мекашад. Имрӯз тақрибан 1,5 млн. барга-мисол аз ҷониби ходимони шуъба ба шакли электронӣ оварда шудааст. Дар сурати комилан рақамӣ ва электронӣ шудани маводди дастнависи Ганҷина ва мутамарказ кардани вожаҳои он кори ходимони шуъба осон гардида, таҳияи силсилафарҳангҳои гуногуни оммавию соҳавӣ суръати бештар хоҳад гирифт.