Имрӯз, 1 июн бо ташаббуси КИИ «Хирадмандон» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ кӯдакон ва наврасон иштирок…
Имрӯз, 1 июн бо ташаббуси КИИ «Хирадмандон» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кӯдакон ва наврасон иштирок намуда, аз барномаи ҷолиби фарҳангӣ, бозиҳои шавқовар, сурудхонӣ ва дигар маҳфилҳои фароғатӣ баҳравар гардиданд. Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ болидахотир намудани кӯдакон, баланд бардоштани рӯҳияи идонаи онҳо ва ҷалби насли наврас ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ арзёбӣ гардид.
Зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки кӯдакон ояндаи миллат, сарвати бебаҳои ҷомеа ва идомадиҳандагони насли калонсол мебошанд. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, рушди зеҳнӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Дар фазои самимӣ ва идона ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои онҳо барномаи махсуси фарҳангӣ ташкил карда шуд. Иштирокчиён аз чунин ташаббусҳои наҷиб изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чорабиниҳои монандро дар тарбияи маънавии кӯдакон муҳим арзёбӣ карданд.