Имрӯз, 29 май ба хотири гиромидошти хотираи таърихии фарзандони содиқи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аҳли олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон ташриф оварда, бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром хотираи неки ин шахсиятҳои барҷастаро пос доштанд.
Таъкид гардид, ки хизматҳои таърихии ин фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои мардум ва таҳкими пояҳои истиқлолу худшиносии миллӣ ҳамеша гиромӣ дошта мешавад. Ҳамчунин номи неки онҳо ҳамчун намунаи садоқат ба Ватан, ҷасорат ва фидокорӣ дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Бояд гуфт, ки мушти хоки оромгоҳи ин Қаҳрамонони Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе оварда шуда, имрӯз оромгоҳи онҳо ба макони муқаддаси арҷгузорӣ ба таърих, ҳувияти миллӣ ва корнамоиҳои фарзандони содиқи Ватан табдил ёфтааст.
Пос доштани хотираи чунин шахсиятҳои бузург нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба фидокориҳои абармардоне мебошад, ки барои бақои миллат ва ояндаи давлат ҷони худро дареғ надоштанд.