Имрӯз, 27 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Академияи илмҳои Осиё зери раисии ноиби президенти Академияи илмҳои Осиё, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба таври маҷозӣ…
Имрӯз, 27 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Академияи илмҳои Осиё зери раисии ноиби президенти Академияи илмҳои Осиё, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба таври маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои Осиё, академик Элчин Халилов, ноиби президенти Академияи илмҳои Осиё, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар аъзоёни Академияи илмҳои Осиё ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Ба кори ҷаласа ноиби президенти Академияи илмҳои Осиё, академик Қобилҷон Хушвахтзода раисӣ намуда, дар суханронии худ зикр дошт, ки таъсиси Академияи илмҳои Осиё қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни кишварҳои Осиё ба ҳисоб рафта, барои рушди робитаҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷрибаи олимон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қайд гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, нақши муассисаҳои илмӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки Академияи илмҳои Осиё метавонад ҳамчун майдони муҳими ҳамоҳангсозии иқтидори илмии кишварҳои минтақа хизмат намуда, дар таҳкими равобити илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва пешбурди таҳқиқоти муштарак саҳми арзанда гузорад.