Vice President of the National Academy of Sciences of Tajikistan
Санаи таввалуд: 8 декабри соли 1970
Чойи таввалуд: дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбышев) вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Таҳсилот: Соли 1989 ба Донишкадаи политехникии Фрунзе (ҶумҳурииҚирғизистон) ба факултети Технологӣдохил шуда то сентябри соли 1990 дар онҷо таҳсил намудааст. Соли 1990 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, факултети Механикию технологӣ, ихтисоси 1201- “Технологияи мошинсозӣ” интиқол ёфта, онро соли 1994 бомувафақият хатм намудааст.
ба вазифаи и.в. ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷкистон таъин гардидааст. Рисолаи докториашро соли 2020 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳимоя намудааст.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо маҷлиси намояндагон, Ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни парламентӣ мебошам. Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Медали Хизмати шоиста (2021), Медали “Совет федерации. 25 лет» (2022), Медали «За укрепление парламентского сотрудничества в ОДКБ» (2022) ва ғ. (дар умум 7адад) Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016). Муаллифи зиеда аз 140 монография, китобу дастурҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, фишурдаи баромадҳои конференсиҳоя сатҳҳои гуногун ва инчунин 9 патенти хурд ва Авруосиё мебошад.
ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методӣ ва аз августи соли 2014 ба вазифаи Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда, то июли соли 2016 кору фаъолият намудааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №305 аз 11-уми июли соли 2016 ба вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин гардида, то санаи 29 феврали соли 2024 фаъолият намудааст.
ба тариқи гузариш ба вазифаи декани факултети Механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда адои вазифа намудааст.
дар вазифаи Муовини аввали ректор, Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолиятро оғоз намуда, то июли соли 2011 дар ин вазифа кору фаъолият намудааст.
ба тариқи гузариш ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда дар ин вазифа то соли 2008 кору фаъолият нкардааст.
ба вазифаи Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ таъин шуда то соли 2003 фаъолият кардааст.
ҳамчун муаллими калони кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият намудааст.
дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, кафедраи “Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ” таҳсил намуда, рисолаи номзадиамро соли 2003 дар Шурои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи “номзадии илмҳои техникӣ” гаштааст.
дар вазифаи ассистенти кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият кардааст.