Ҷавонони азиз, даъватшавандагони муҳтарам! Шуморо ба муносибати Рӯзи даъватшаванда самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, неруи қавӣ, иродаи мустаҳкам, саодати рӯзгор ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан комёбиҳо орзу менамоям.
Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавони ватандӯст мактаби ҷасорату мардонагӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Имрӯз ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯсти Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулият дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, барои ҳифзи амнияту оромии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бовар дорем, ки шумо низ бо риояи қатъии интизоми ҳарбӣ, эҳтироми қонун, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва муносибати масъулиятнок ба вазифаи худ ба эътимоди давлату ҷомеа сазовор хоҳед шуд.
Хизмати ҳарбӣ ҳамчунин барои ҷавонон мактаби тарбия ва обутоби ирода буда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ ва зиндагии мустақилона ҳидоят менамояд.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи даъватшавандагон ва падару модарони онҳо саломатии комил, рӯзгори осуда, хушбахтии оилавӣ ва барои ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда хизмати бомуваффақият ва сарбаландона орзу менамоям. Бигзор ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ ҳамеша бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номус ва ифтихори миллӣ барои ҳифзи Ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол омода бошанд! Рӯзи даъватшаванда муборак, ҷавонони ватандӯст!
Раиси ноҳияи Дӯстӣ
Нишонзода Даврон Назаралӣ