Забон ҳастии миллат, оинаи фарҳангу таърихи халқ ва муҳимтарин рукни давлатдорӣ ба шумор меравад. Омӯзгор бошад, бо меҳру садоқат ба касби пурифтихор дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифату маънавиёт ва худшиносии насли наврас нақши созанда дорад. Бо ҳамин рӯҳия 5 октябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, фаъолон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои муҳим самимона табрик гуфт.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ нақши забони давлатиро дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва пойдории давлатдорӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки эҳтиром ба забони давлатӣ ва саҳм гузоштан дар рушду покизагии он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамзамон, аз мақому манзалати омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли оянда ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки рушди ҷомеа ва пешрафти давлат аз сатҳи маърифату дониш ва тарбияи дурусти насли наврас вобастагии мустақим дорад. Омӯзгорон бо меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамари худ дар ин раванд саҳми арзанда мегузоранд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва хонандагон бо суруду тарона, шеърҳои ватандӯстона ва барномаҳои рангини саҳнавӣ идома ёфт. Барномаи омодашуда меҳру муҳаббат ба забони модарӣ, Ватан ва касби омӯзгориро тараннум намуд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ қадрдонии омӯзгорони пешқадам буд. Барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва хизматҳои шоиста як қатор омӯзгорон бо Сипосномаи Раиси ноҳияи Деваштич сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии идона дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди эҳтиром ба забони давлатӣ ва омӯзгор баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки забон ва маориф ду пояи муҳими ҳастии маънавии миллат ва рушди ҷомеа мебошанд. Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва эҳтироми омӯзгор, дар асл, арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат аст.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич.