Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дар маҳал будаи он фаъолияти худро дар соли 2025 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта оиди бо оби обёрӣ таъмин намудани кишоварзон ва дигар истифодабарандагон, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2025 корҳои муайянеро анҷом додаанд.
Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта вобаста ба камобию хушксолӣ ва маблаѓгузорӣ мавсими обдиҳии ҳосили соли 2025 муташаккилона гузаронида шуд.
Дар ин давра Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 60025 истифодабарандагони об дар майдони 514925 гектар ё ин ки 98 фоизи нақша шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба онҳо тибқи дархост ва талаботашон дар ҳаҷми 3 млрд.770,4 млн. метри мукааб (нисбати соли гузашта 45,9 млн.метри мукааб зиёд), бо арзиши 181 млн. 303,9 ҳазор сомонӣ (нисбати соли гузашта 2,0 млн. сомонӣ зиёд) хизмати обрасонӣ намуданд, ки пурра бо санад тасдиқ карда шудааст. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.
Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблаѓи ба маблаѓи 83 млн. 713 ҳазор сомонӣ ё ин ки ҳамагӣ ба андозаи 46 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 19 млн. 917 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.
Бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ўҳдадории шартномавии худро дар бобати бо оби полезӣ таъмин намудани истифодабарандагони об пурра иҷро карда бошанд, ҳам истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро пурра ва саривақт пардохт накарданд, бақияи қарзи пардохт нагардидаи ҳаққи хизмати обрасони дар давраи ҳисоботӣ 97 млн. 654,9 ҳазор сомонӣ ва бо дарназардошти қарзи солҳои пеш 388 млн. 287 ҳазор сомониро ташкил менамояд, бо ин сабаб қарзҳои дебиторӣ 88,2 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо дарназардошти солҳои пеш 416,6 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиш ёфтани қарзҳои кредиторӣ ба маблаѓи 91,7 млн. сомонӣ гардидааст, ки бақияи он бо дарназардошти қарзи солҳои пеш 402,6 млн.сомонӣ, аз он ҷумла қарзи ҳамаи намуди андозҳо 14,6 сомониро ташкил менамояд.
Бо мақсади рўёнидани маблаѓи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 47 млн. 518,5 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, ба фоидаи Идораҳои Агентӣ ба маблаѓи 7,9 млн сомонӣ руёнида шудааст.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 142 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оиди гузаштан ба пардохти ѓайринақдӣ дар ҷумҳурӣ 383,7 ҳазор гектар (74 фоизи) заминҳо ба системаи билингӣ ворид карда шуда, 220,4 ҳазор адад истифодабарандагон бо ID код таъмин гардида, пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ тариқи системаи билингӣ 63 млн. 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар мавсими обдиҳии соли 2025 бо истифодаи то 7,3 млн. кВт/соат нерўи барқ дар як шабонарўз то 275 дастгоҳи обкашӣ ва 74 адад чоҳҳои амудӣ фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби полезӣ таъмин намуданд.
Дар ин давра тавассути пойгоҳҳои обкашӣ дар ҷумҳурӣ бо истифодаи 1 млрд. 59,6 млн. кВт/соат неруи барқ 4 млрд. 1,8 млн. метри мукааб об бароварда шудааст. Нишондиҳандаи истифодаи неруи барқ нисбати соли гузашта 8,77 млн. кВт/соат ва оби баровардашуда 102,86 млн. метри мукааб об камтар мебошад.
Хароҷоти хоси нерўи барқ барои барориши 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,264 кВт/соатро ташкил дод.
Арзиши барқи истифодашуда 132 млн. 836 ҳазор сомонӣ ва пардохти он 46 млн 259 ҳазор сомониро ташкил медихад, ки нисбати соли гузашта 10 млн. 121 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.
Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ дар соли 2025 аз истифодаи нерўи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 272 млн. 313 ҳазор сомониро ташкил дод.
Айни замон дар соҳа панҷ барномаи давлатии соҳавӣ аз ҷумла, «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028» бо арзиши умумии 2 млрд. 241 млн. сомонӣ мавриди амал қарор доштанд.
Соли 2025 дар доираи барномаҳои мазкур ба маблаѓи 373 млн. 844,5 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардида, ҳолати ѓайриқаноатбахши мелиоративии 12842 гектар заминҳо ба маблаги 14 млн. 820 ҳазор сомонӣ беҳтар карда шуда, бо иқтидори 1426,8 гектар (44 фоизи нақша) ба маблаѓи 1 млн 445 ҳазор сомонӣ замини нав азхуд карда шуда, 1796 гектар (128 фоизи нақша) ба маблағи 6 млн. 30,4 ҳазор сомонӣ заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор карда шудаанд, аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо дар ҷумҳурӣ ба маблаѓи 36,4 млн. сомонӣ ба дарозии 45013 метр (120 фоиз) корҳо иҷро гардида, соҳилҳо барқарор ва мустаҳкам карда шудаанд, барои 28 адад пойгоҳҳои обкашӣ ба маблаѓи умумии 252 млн. 337,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 80 фоизи нақша таҷҳизоти каммасрафи барқӣ харидорӣ карда шудааст ва дар доираи «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028» дар давраи ҳисоботӣ ба маблаѓи 59 млн. 790 ҳазор сомонӣ ё ин ки 50,4 фоизи нақша корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, №604 барои корҳои сохтмони асосӣ дар соли 2025 ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ маблаѓи 21 млн. сомонӣ ҷудо гардида, ба маблаѓи 20,1 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба иҷро расонида, 80 гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, дар майдони 2550 га таъминоти оби заминҳо беҳтар гардонида, 10 адад чоҳи амудӣ парма карда, ба дарозии 200 метр соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида, ба дарозии 3024 метр қубури обгузар сохта ба истифода дода шуд.
Барои дастгирии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди Агентӣ 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблаѓи умумии 135,6 млн. доллари ИМА татбиқ шуда истодаанд, ки барои таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона карда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ азхудкунии маблаѓҳо 32 млн. 995 ҳазор доллари ИМА, ё ин ки 101 фоиз ва аз аввали татбиқи лоиҳаҳо 71 млн. 555 ҳазор доллари ИМА ё ин ки 55,7 фоизро ташкил менамояд.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳиро бурда, ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҳайати мушовара ва супоришҳои роҳбарияти Агентӣ муттаҳидсозии Ассотсиатсияҳои истифодабаран-дагони обро гузарониданд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 242 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият менамояд, ки ба 500,2 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд. Дар мавсими обдиҳии соли 2025 АИО дар ҳаҷми 2 млрд. 777,0 млн. метри мукааб бо арзиши 143,7 млн. сомонӣ об гирифта, ба маблаѓи 70 млн. 375 ҳазор сомонӣ ё ин ки 49 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасониро пардохт намуданд. Бақияи қарзи умумии ҳаққи хизмати обрасонӣ 323,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Бо истифода аз техникаву механизмҳои мавҷуда дар давраи ҳисоботӣ барои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар чорабиниҳои дахлдор дар ҳаҷми 2 млн. 609,3 ҳазор метри мукааб корҳои заминӣ иҷро карда шуда, ба воситаи нақлиёти боркаш 1 млн. 759,2 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, техникаи бехатарӣ ва муҳофизат аз сухтор нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст, дар ин давра ягон ҳодисаи нохушӣ истеҳсолӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Соли 2025 дар сохторҳои Агентӣ 5382 нафар кормандон, аз ҷумла дар соҳаи истифодабарӣ 5267 ва дар сохтмон 115 нафар бо музди миёнаи моҳонаи 1305 сомонӣ фаъолият доштанд.
Ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз 159 адад арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷумла, 19 адад арзу шикоятҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 130 адад шахсони воқеӣ ва 10 адад муроҷиатҳои шифоӣ, ки ба Агентӣ дохил гардидаанд, 143 адади он ҳалли худро ёфта, 16 адади он дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиати онҳо аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.
Дар ин давра ба дастгоҳи марказии Агентӣ 3272 адад аснод, аз ҷумла аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1004 адад фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои машваратии назди Сарвазир ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактубу супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2102 адад асноди гуногун дохил гардида, қисмати зиёди онҳо ба иҷро расонида шудааст.
Дар ин муддат аз ҷониби Дастгоҳи Марказии Агентӣ оид ба иҷрои аснод ба ташкилотҳои болоӣ ва корхонаву идораҳои зертобеъ 2041 адад аснод ва 118 адад фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол гардидааст.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар қарор дошта оид ба иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ дар соли 2026 таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ҷиҳати ба мавсими нави обдиҳии соли 2026 омодасозии шабакаҳои обёрӣ ва таъминоти мўътадили обистифодабарандагон бо оби обёрӣ, азхудкунии 2820 гектар замини нав, барқарорсозии 1119 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ѓайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 18075 гектар, харидори намудани таҷҳизотҳо барои пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 194 млн. сомонӣ, маблағгузории чорбиниҳои Барномаи рушди соҳа ба андозаи 64,27 млн. сомонӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 31497 метр мебошанд.
Имрўзҳо фаъолияти Агентӣ ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба омодасозии шабакаҳои обрасонӣ ба мавсими обдиҳии ҳосили соли 2025 ва омодагӣ ба мавсими селоб ва обхезиҳо равона гардида, ин кор тибқи нақшаи чорабиниҳои тирамоҳӣ-зимистонӣ ба роҳ монда шудааст.
Маркази матбуотӣ