Дар шаҳри Душанбе Семинари 14-уми байналмилалӣ оид ба обёрӣ ва заҳбурунӣ таҳти унвони «Модернизатсияи низомҳои обёрӣ ва заҳбурунӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор» оғоз гардид. Дар кори семинар мутахассисони байналмилалӣ аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Ин чорабинӣ таҳти сарпарастии Комиссияи байналмилалии обёрӣ ва заҳбурунӣ ва Комиссияи миллии обёрӣ ва заҳбурунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, баргузор мегардад.
Агентии мелиоратсия ва обёрӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалии рушд ташкилкунандаи ин чорабинӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризо таъкид намуд, ки зерсоҳаи мелиоратсия ва обёрии Тоҷикистон пайванди муҳими расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳадафҳои стратегии кишвар то соли 2030 мебошад, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолии деҳот ва коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ, ки бо об вобастаанд.
Бо вуҷуди ин, дар даҳсолаҳои охир кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, бо мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим рӯбарӯ мешаванд. Дар кишвар обшавии пиряхҳо, ки 6% қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва сарчашмаи асосии захираҳои об барои кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд, шиддат ёфтааст.