26 августи соли 2025 ба истиқболи соли нави хониши 2025–2026 дар шаҳри Бохтар як иқдоми хайриявӣ баргузор гардид, ки дар он ба 50 нафар кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои мактабӣ ва лавозимоти зарурӣ супорида шуд.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод роҳандозӣ гардида, ҳадафи он дастгирӣ аз насли ояндасоз, таъмин намудани шароити беҳтари таҳсил ва фароҳам овардани рӯҳияи болида ба кӯдакону волидайни онҳо мебошад.
Зимни суханронӣ раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод зикр намуд, ки ин иқдом дар партави сиёсати башардӯстона, ятимпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Ӯ таъкид кард, ки дастгирии кӯдакони ятим, ниёзманд ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои таҳсил яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
— «Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки дар оғози ҳар соли таҳсил дасти кӯмак ба чунин оилаҳоро дароз кунем, зеро ҳар як кӯдак бояд бо рӯҳияи шод ва ормонҳои нек ба дарси мактаб қадам гузорад. Таълим омили асосии рушду пешрафти ҷомеа аст», – афзуд Абдулмаҷид Муминзод.
Кӯдакон ва оилаҳои дастгиришуда бо рӯҳи шод аз таваҷҷуҳи мақомоти иҷроия ва ғамхориҳои пайвастаи давлат изҳори миннатдорӣ карданд.
Баргузории чунин иқдомҳои хайриявӣ дар остонаи соли нави таҳсил баёнгари сиёсати устувори иҷтимоии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази он ҳамеша инсон, бахусус кӯдак ва ояндаи ӯ қарор дорад.