Имрӯз, 21 сентябр дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо…
Имрӯз, 21 сентябр дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад доктор Абдурризо Ҷавон Ҷаъфарии Буҷнурдӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои илмӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои рушди минбаъдаи илму маориф, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаи ҳифз, омӯзиш ва рушди забони форсӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими мероси забонӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки забони форсӣ дар тӯли садсолаҳо ҳамчун воситаи муҳимми баёни андешаҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ нақши муассир дошта, осори гаронбаҳои ба ин забон офаридашуда қисми муҳими мероси маънавии халқҳои тоҷик ва форсро ташкил медиҳад. Дар ин замина, омӯзиши амиқи осори хаттӣ, адабӣ ва илмӣ, таҳқиқи забон ва адабиёти форсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муаррифии мероси забонӣ метавонад ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пайванди наслҳои имрӯз бо мероси гузашта мусоидат намояд.