eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ОЛИМОНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
ОЛИМОНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
28 August 2026
ОЛИМОНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД
Имрӯз, 28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони Иҷлосияи таърихии XVI…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.
Дар баробари кормандони касбу кори гуногун, олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Маҳмадюсуф, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик Кароматулло Олимов, академик Талбак Назаров, доктори илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Шарифзода Фарангис, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров Ҳокимшоҳ Қаландариён ва директори Институти физикаю техника Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ва Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа, директори Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин Сафаров Аҳрор Мирзоевич, узви вобастаи АМИТ Кучарзода Аламхон, академики АМИТ Ғаниев Изатулло ва як қатор олимону кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
қадрдонӣ гардиданд.
Сарфароз гардонидани олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ нишони баланди эътирофи саҳми арзандаи онҳо дар рушди илми миллӣ, таҳкими иқтидори илмӣ-тадқиқотии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба рушди соҳаи илм, дастгирии олимон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмию эҷодӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз илм ва дониш ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини ояндаи устувори кишвар нақши калидӣ дорад.
Мукофотҳои давлатии имрӯза барои аҳли илм, пеш аз ҳама, қадршиносии заҳматҳои бисёрсолаи илмӣ, таҳқиқотӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии онҳо буда, ҳамзамон олимону муҳаққиқони ҷавонро ба фаъолияти пурсамар, ҷустуҷӯҳои нави илмӣ ва дастовардҳои тоза ҳидоят менамоянд.