Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи илм, маориф ва таҳкими мавқеи байналмилалии илми ватанӣ, ҳамзамон барои густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 таъкид намуданд, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои кишварҳои пешрафта аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамзамон, оид ба баланд бардоштани мақоми илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми рушди илм, дастур дода шуд.
Бо мақсади иҷрои амалии ин дастурҳо ва таҳкими мавқеи байналмилалии илми тоҷик, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо созмонҳои бонуфузи илмии байналмилалӣ тақвият дода истодааст. Аз ҷумла, ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Осиё, ки як ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматии илмӣ буда, соли 2024 таъсис ёфта, қароргоҳи он дар шаҳри Ҳонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин ва котиботи минтақавиаш дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷойгир мебошад, самти муҳим ба ҳисоб меравад. Ин ниҳод олимони барҷастаи кишварҳои Осиё, Аврупо ва ИДМ-ро муттаҳид намуда, ба рушди таҳқиқоти бунёдӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат менамояд.
Дар натиҷаи иқдомоти пайгиронаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки қаблан ноиби президенти Академияи илмҳои Осиё интихоб шуда буд ва ҳамчунин ба нишони мақсади эътирофи сазовори дастовардҳои илмии кишвар, бист нафар олимону муҳаққиқони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба узвияти Академияи илмҳои Осиё пешниҳод гардида буданд, санаи 27 майи соли 2026 дар ҷаласаи раёсати Академияи илмҳои Осиё интихоб гардидаанд.
Тибқи қарори қабулшуда, ба ҳайси аъзои комили (академикҳои) Академияи илмҳои Осиё Эмомалӣ Насриддинзода, Саймумин Ятимов, Қобилҷон Қурбонов, Сайфиддин Давлатзода, Талбак Назаров, Маҳкам Маҳмудзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдусаттор Саидов интихоб гардиданд.
Ҳамзамон Қудрат Давлатзода, Хайрулло Назарзода, Маҳмадшоҳ Гулзода, Нуриддин Муҳиддин, Усмон Маҳмадёрзода, Саидмуқим Ибодзода, Илҳом Амонзода, Акобир Мирзораҳимзода, Муҳаммаддовуд Саломиён, Қосимшо Искандаров ва Жило Гулназарзода ба ҳайси аъзои вобаста (аъзои мухбир)-и Академияи илмҳои Осиё интихоб шуданд.
Бешубҳа, ин дастоварди назаррас далели эътироф, қадрдонӣ ва болоравии нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, сатҳи назарраси рушди мактабҳои илмии кишвар ва иқтидори зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, қабули олимони тоҷик ба ҳайати Академияи илмҳои Осиё барои таҳкими ҳузури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ҷаҳонии илм, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори илмии кишвар заминаи мусоид фароҳам месозад.