eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 15-СОЛАГИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» БАРГУЗОР ГАРДИД
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 15-СОЛАГИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» БАРГУЗОР ГАРДИД
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
24 August 2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 15-СОЛАГИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 21 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 21 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» АҳмадзодаОятулло, Раист Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Латифзода Асрор, масъулони соҳаи кор бо ҷавонон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон — “Созандагони Ватан” дар рушд ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш ба 15-солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида шуда, дар он нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди ҷомеа ва иштироки фаъолона дар корҳои созандагию ободонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ маърӯзаҳо ва андешаҳои иштирокдорон оид ба дастова
рдҳои ҷавонон, фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дурнамои рушди минбаъдаи он ироа гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияту истеъдоди онҳо ва ҷалби ҳарчи бештари насли ҷавон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.