eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
10 August 2026
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
Варзишгарони гиромӣ, мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш, ҷавонони саодатманд ва ҳамватанони азиз! Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рӯҳияи баланди худшиносиву ватандӯстӣ 10-уми август – Рӯзи…
Варзишгарони гиромӣ, мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш, ҷавонони саодатманд ва ҳамватанони азиз!
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рӯҳияи баланди худшиносиву ватандӯстӣ 10-уми август – Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ки ин гувоҳӣ аз таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар нисбат ба варзишгарону ҷавонон мебошад.
Ба ин муносибат тамоми варзишгарони кишвар, мураббиён, собиқадорон, кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷавонони фаъолу ташаббускор ва ҳамаи дӯстдорони варзишро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама тансиҳатии комил, неруи тоза, матонату шуҷоат, иродаи қавӣ, рӯҳи пирӯзӣ ва дастовардҳои боз ҳам бузургтар орзу менамоям.
Воқеан, варзиш яке аз василаҳои муҳими таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли солиму неруман
д, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон мебошад. Дар баробари ин, варзиш ҳамчун қосиди сулҳу дӯстӣ ва воситаи муассири муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши арзишманд дорад. Ҳар як пирӯзии варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ, қитъавӣ ва ҷаҳонӣ на танҳо дастоварди шахсии ӯ, балки ифтихори тамоми миллат ва муаррифгари номи неки Тоҷикистон мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои омода намудани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин замина, дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёду навсозии иншооти муосири варзишӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои машқу тамрини варзишгарон, баргузории мунтазами мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба рушди варзишу дастгирии ҷавонон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони тоҷик дар бузургтарин мусобиқаҳои минтақавӣ, қитъавӣ ва ҷаҳонӣ бо нангу номуси миллӣ ширкат варзида, бо ба даст овардани пирӯзиҳои арзишманд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон ва Суруди миллии кишварро дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо диҳанд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар бисёр намудҳои варзиш мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ, иродаи қавӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Ҳамзамон, имрӯз дар кишвар бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бунёди майдончаҳо ва маҷмааҳои муосири варзишӣ, ташкили мусобиқаҳои гуногун ва ҷалби бештари ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ барои ташаккули ҷомеаи солим ва насли неруманд заминаи муҳим мегузорад.
Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастовардҳои зиёд дида мешавад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат рӯзҳои шанбе - Рӯзи варзиш эълон шудааст ва пайваста дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногунӣ варзишӣ роҳандозӣ мешаванд. Ҳамзамон, бо пешниҳод ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат аз соли 2011 инҷониб 10-уми август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад.
Боиси хушнудист, ки ҷавонони кишвар имрӯз варзишро на танҳо ҳамчун воситаи таҳкими саломатӣ, балки ҳамчун мактаби ирода, матонат, интизом, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ пазируфтаанд. Ҳар як ҷавоне, ки ба варзиш рӯ меорад, дар баробари тарбияи ҷисмонии худ, ба ташаккули шахсияти солим, фаъол ва масъули ҷомеа саҳм мегузорад. Бовар дорам, ки варзишгарони тоҷик минбаъд низ бо меҳнати содиқона, тамрини пайваста ва иродаи қавӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои боз ҳам баланд ноил гардида, номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар муаррифӣ хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи варзишгарон, мураббиён, собиқадорон ва кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба муносибати Рӯзи варзишгарон самимона табрик намуда, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, неруи созанда, рӯҳи қавӣ, пирӯзиҳои нав ба нав ва дар зиндагии шахсиву фаъолияти касбӣ хушбахтиву комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар баландтарин минбарҳои варзишии ҷаҳон парафшон бошад ва Суруди миллии мо ба ифтихори пирӯзиҳои фарзандони ватандӯсту далери миллат садо диҳад!
Рӯзи варзишгарон муборак бошад!