eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ РАСТАНИҲОИ ШИФОБАХШ ВА ФАРМАТСЕВТИКА ДАР ИНСТИТУТИ БОТАНИКА, ФИЗИОЛОГИЯ ВА ГЕНЕТИКАИ РАСТАНИИ АМИТ
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ РАСТАНИҲОИ ШИФОБАХШ ВА ФАРМАТСЕВТИКА ДАР ИНСТИТУТИ БОТАНИКА, ФИЗИОЛОГИЯ ВА ГЕНЕТИКАИ РАСТАНИИ АМИТ
2 July 2026
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ РАСТАНИҲОИ ШИФОБАХШ ВА ФАРМАТСЕВТИКА ДАР ИНСТИТУТИ БОТАНИКА, ФИЗИОЛОГИЯ ВА ГЕНЕТИКАИ РАСТАНИИ АМИТ
Имрӯз, 1 июл дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 1 июл дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» Озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ барои олимону муҳаққиқон, таъсиси озмоишгоҳҳои нав ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо асбобу таҷҳизот ва технологияҳои муосир аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати илмии давлат буда, дар партави дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тайи ду соли охир бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 54 озмоишгоҳи нави замонавӣ таъсис ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин озмоишгоҳҳо бо техника, таҷҳизот ва технологияҳои муосири илмӣ муҷаҳҳаз гардида, барои анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Таъсиси пайвастаи чунин озмоишгоҳҳои муосир аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди илму маориф, таҳкими иқтидори илмии кишвар ва рақобатпазир гардидани илмҳои ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Зикр шуд, ки фаъолияти озмоишгоҳи мазкур ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи растаниҳои шифобахши ватанӣ, омӯзиши таркиби химиявӣ ва хосиятҳои биологии онҳо, инчунин таҳияи технологияҳои муосири истеҳсоли маводи доруворӣ ва маҳсулоти фарматсевтӣ равона гардидааст. Ин иқдом барои рушди илми ботаника, фармакология ва истифодаи самараноки захираҳои табии кишвар аҳаммияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки дар Озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика корҳои илмию таҳқиқотӣ дар заминаи анҷом додани таҳқиқоти пешазклиникӣ ва клиникӣ ба роҳ монда шуда, фаъолияти он аз ҷониби ҳайати баландихтисоси илмӣ, аз ҷумла 2 нафар доктори илм, 4 нафар номзади илм ва 2 нафар аспирант амалӣ карда мешавад. Ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба имкон медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шавад.
Гуфта шуд, ки самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ фармакодиагностика, фармахимия, фитохимия, ботаника ва парвариши гиёҳҳои шифобахшро дар бар гирифта, таҳқиқот дар ин самтҳо бо такя ба дастовардҳои тибби муосир ва мероси гаронбаҳои илмиву тиббии Абӯалӣ ибни Сино роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи захираҳои табиии дорувории кишвар ва таҳияи маҳсулоти рақобатпазири фарматсевтӣ мебошад.
Дар озмоишгоҳ таҳқиқоти муосири илмӣ бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафта ва лавозимоти замонавии озмоишгоҳӣ анҷом дода мешаванд. Дар раванди корҳои илмӣ маводҳои табиӣ, экстрактҳо ва супернатантҳои гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, инчунин култураҳои ҳуҷайравӣ ва моддаҳои синтезшуда мавриди омӯзиш қарор гирифта, хосиятҳои биологӣ ва фармакологии онҳо ба таври амиқ таҳқиқ мегарданд.
Ҳамзамон, дар озмоишгоҳ татбиқи тадриҷии дастовардҳои илмӣ аз назария ба амалия тавассути омӯзиш ва истифодаи нусхаҳои гиёҳӣ дар асоси принсипҳои мизоҷфармакология, мизоҷдиагностика ва мизоҷтерапия ба роҳ монда шудааст. Ин раванд ба сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм, тандурустӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, барои истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ мусоидат менамояд.
Иброз гардид, ки дар озмоишгоҳ таҳқиқоти тиббӣ ва биологияи молекулавӣ дар сатҳи муосир анҷом дода мешаванд. Бо истифода аз усулҳои ташхиси ДНК ва РНК, омӯзиши сафедаҳо, муайян намудани антителаҳо, антигенҳо, ферментҳо ва гормонҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти биохимиявӣ, клиникӣ, молекулавӣ ва иммуноферментӣ корҳои илмӣ амалӣ мегарданд. Барои иҷрои чунин таҳқиқот омода намудани намунаҳо дар муҳитҳои махсуси озмоишӣ, аз ҷумла гелҳои агарозӣ ва полиакриламидӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои дақиқ ва боэътимоди илмӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan