eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУАЙЯНКУНИИ МОЛҲОИ ТАЪИНОТАШОН ДУҲАДАФА ДАР АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУАЙЯНКУНИИ МОЛҲОИ ТАЪИНОТАШОН ДУҲАДАФА ДАР АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
25 June 2026
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУАЙЯНКУНИИ МОЛҲОИ ТАЪИНОТАШОН ДУҲАДАФА ДАР АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ
Имрӯз, 25 июн дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 25 июн дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» Озмоишгоҳи муосири муайянкунии молҳои таъиноташон дуҳадафа бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки таъсиси Озмоишгоҳи муосири муайянкунии молҳои таъиноташон дуҳадафа бо мақсади таҳкими назорати давлатӣ, пешг
ирии паҳншавии технологияҳои хатарнок ва риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ғайрипаҳншавӣ амалӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии фаъолияти озмоишгоҳ аз гузаронидани таҳлилҳои даққиқи лабораторӣ, ташхис, муайянсозӣ ва таснифоти илмию техникии молҳо, маводҳо, таҷҳизот ва технологияҳо иборат мебошад. Коршиносони озмоишгоҳ молҳоеро месанҷанд, ки эҳтимолан ба рӯйхати молҳои назоратшавандаи таъиноташон дуҳадафа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ дохил мешаванд. Дар натиҷаи таҳлил хулосаҳои илмӣ асоснок оид ба таъиноти воқеӣ ва соҳаи истифодаи ин молҳо пешниҳод карда мешавад.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳ дорои таҷҳизоти замонавӣ ва стандарти ҷаҳонӣ мебошад. Қисми асосии таҷҳизотро хроматографияи моеъи баландсифат `HPLC` ва хроматографияи газӣ-масс-спектрометрӣ `GC-MS` ташкил медиҳанд. Ин дастгоҳҳо имкон медиҳанд, ки таркиби химиявии маводҳои мураккаб, ҳатто дар консентратсияи хеле паст, бо дақиқии баланд муайян карда шаванд. Озмоишгоҳ махсусан барои таҳлили маводҳои таъиноташон дуҳадафа, пайвастагиҳои органикии заҳрнок ва моддаҳои пешсаф пешбинӣ шудааст.
Қайд гардид, ки дастгоҳҳо ва методҳои озмоишгоҳ на танҳо дар соҳаи амният, балки дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва илм низ васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла, онҳо дар тиб ва фармасевтика барои муайян намудани таркиби доруҳо ва моддаҳои фаъол, дар мониторинги муҳити зист барои таҳлили таркиби ҳаво, об ва хок бо мақсади ошкор кардани ифлоскунандаҳо, дар саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо барои назорати сифат ва бехатарии маҳсулот, инчунин дар саноати нафту газ барои таҳлили таркиби маҳсулоти нафтӣ ва газҳои табиӣ истифода бурда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи мазкур бо зиёда аз 16 адад дастгоҳҳои муосири озмоишию таҳлилӣ муҷаҳҳаз гардида, барои анҷом додани таҳқиқоти илмии дақиқ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ёдовар бояд шуд, ки озмоишгоҳ минбаъд ба мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор дар қабули қарорҳои асоснок мусоидат менамояд. Аз ҷумла бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии “Тоҷикстандарт” ва дигар вазорату идораҳо ҳамкории зич дорад. Хулосаҳои илмии озмоишгоҳ ҳангоми расмиёти воридот, содирот, транзит, нигоҳдорӣ ва истифодаи молҳои назоратшаванда заминаи боэътимод фароҳам меоранд.