eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
САҲМИ АКАДЕМИК ДОДХОЕВА МУНАВВАРА ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИББИ ТОҶИК
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
САҲМИ АКАДЕМИК ДОДХОЕВА МУНАВВАРА ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИББИ ТОҶИК
3 June 2026
САҲМИ АКАДЕМИК ДОДХОЕВА МУНАВВАРА ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИББИ ТОҶИК
Имрӯз, 3 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии академики…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 3 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Додхоева Мунаввара баргузор гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тилохӯҷа ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки академик Додхоева Мунаввара Файзуллоевна аз зумраи олимони маъруфи кишвар буда, бо фаъолияти пурсамари илмӣ, омӯзгорӣ ва ташкилии худ дар рушди илми тиб, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими мактаби илмии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Мунаввара Файзуллоевна ба насли олимоне мансуб аст, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва садоқат ба касбу Ватан мактаби муосири илми акушерӣ ва гинекологияи тоҷикро бунёд гузоштанд. Роҳи зиндагӣ ва фаъолияти ӯ намунаи равшани пайванди илм, инсонгароӣ ва хидмат ба ҷомеа мебошад.
Таъкид гардид, ки академик Додхоева Мунаввара Файзуллоевна дар тӯли фаъолияти чандинсолаи худ садҳо мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ ва корҳои таҳқиқотиро ба нашр расонида, дар ташаккули мактаби илмии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Бо роҳбарии ӯ даҳҳо номзадону докторони илм омода гардида, имрӯз дар муассисаҳои илмӣ ва тандурустии ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Қайд гардид, ки хизматҳои академик Мунаввара Додхоева танҳо бо фаъолияти омӯзгорӣ ва табобатӣ маҳдуд намешаванд. Ӯ бунёдгузори мактаби мустақили илмӣ дар соҳаи акушерӣ ва гинекологияи Тоҷикистон мебошад. Зери роҳбарии ӯ даҳҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя гардида, садҳо мутахассисони баландихтисос тарбия ёфтаанд. Имрӯз шогирдони ӯ дар муассисаҳои бонуфузи Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар фаъолият намуда, номи мактаби илмии устодро бо ифтихор идома медиҳанд.
Зикр гардид, ки мавқеи ӯ дар ҷомеаи илмӣ хеле баланд аст. Ӯ муаллифи зиёда аз 450 мақолаи илмӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Дар таҳияи барномаҳои давлатӣ ва стандартҳои клиникӣ оид ба ҳифзи саломатии модарону кӯдакон саҳми арзанда гузоштааст.
Гуфта шуд, ки хусусияти муҳимми фаъолияти академик Додхоева дар он аст, ки ӯ илмро аз ҷомеа ҷудо намедонад. Солҳои зиёд дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби фарҳанги тиббӣ, баланд бардоштани маърифати занону ҷавонон ва рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ фаъолона иштирок кардааст. Баромадҳои ӯ ҳамеша бо андешаи амиқ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи миллат фарқ мекунанд.
Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусамадзода Зулфия ва дигар олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш иброз доштанд, ки академик Додхоева Мунаввара Файзуллоевна аз зумраи чеҳраҳои барҷастаи илми тибби кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти илмӣ ва амалии ӯ дар беҳтар намудани вазъи ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди соҳаи акушерӣ ва гинекология, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши муассир гузоштааст.
Таъкид гардид, ки таҳқиқоти илмии ӯ ба ҳалли масъалаҳои муҳимми тандурустии ҷумҳурӣ равона гардида, натиҷаҳои онҳо дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ васеъ татбиқ шудаанд. Ҳамзамон, саҳми ӯ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои илми тибби тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назаррас арзёбӣ гардид.
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan