Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, таъминоти моддиву техникии хоҷагиҳо таъкид намуда, оид ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз технологияи муосир рӯёнидани се чор ҳосили дилхоҳ ва таъмини дигар хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати рушди соҳаи тухмипарварӣ ба КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” якқатор техника ва таҷҳизотҳои муосир дастрас карда шуд.
Муассиса барои боз ҳам мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии корхонаи мазкур 7 адад мошинаҳои боркаш бо ҳаҷми ғунҷоиши борбардории 5 ва 10 тонна, 11 адад техникаҳои борбардор, 7 адад тухмитозакунаки зироатҳо, 10 адад таҷҳизоти ба андозадарории тухмиҳо, меваҷоту сабзавотиҳо, 14 адад аробаҳои боркашонӣ ва 20 адад тарозуҳои анборӣ харидорӣ намуда, дастрас гардонида шуд.
Ҳайати кормандони КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд гардида, ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддии корхона изҳори сипос намуданд.