Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маҳсулот давра ба давра зиёд гардида, аҳолиро бо ҷои кори доимӣ ва бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин менамояд.
Имрӯзҳо дар қатори дигар корхонаҳои саноатӣ дар манотиқи мухталифи кишвар беш аз 17 корхонаи истеҳсол ва коркарди намак бо усули муосир фаъолияти пурсамар дошта, бо маҳсулоти табии намаки йодкардашуда аҳолии Тоҷикистонро таъмин менамояд.
Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда», махсусан ғанигардонии йодати калий барои йодноккунии намаки ошӣ санаи 28.01.2026 ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи зеркомпаненти 3.4 лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз Корхонаи ҷамъияти саҳомии кушодаи “Намаки Ашт”-и ноҳияи Аш дидан намуданд.
Корхонаи ҶСК “Намаки Ашт” яке аз калонтарин корхонаи истеҳсолӣ ва коркарди намак дар минтақаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, аз замони шуравӣ то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.
Корхонаи мазкур дар яксол ба ҳисоби миёна 10 ҳазор тонна маҳсулоти хушсифатро тибқи меъёри стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва коркард намуда, бозорҳои дохилӣ махсусан вилояти Суғдро бо маҳсулоти худӣ таъмин менамояд.
Дар корхона 63 нафар кормандон ба кори доимӣ ҷалб гардида, ду намуди маҳсулот яъне намаки ошӣ ва намаки техникиро истеҳсол менамоянд. Бо мақсади пешгирӣ намудан аз бемориҳои норасоии йод миёни аҳолӣ тибқи талаботи меъёри сифат ба як тонна намаки ошӣ 50 грам йодати калий барои йодноккунии намаки ошӣ истифода карда мешавад.
Дар рафти сафари корӣ мутахассисон аз ҳолати гигению санитарӣ, тавлиду коркарди маҳсулот, бастубанд ва захираи он дар захирагоҳ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда» ба масъулин тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.