Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати бо оби полезӣ таъмин намудани муассисаҳои илмии кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ниёзманди кишвар тадбирҳоро андешида, то имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ якчанд ҷоҳҳои амудиро сохта мавриди истифода қарор дода истодааст.
Барои бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои хоҷагиҳои ниёзманд мутахассону муҳандисони муассиса аз рафти корҳои ба анҷомрасонидаи пубратчиён дидан намуда, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти мазкур тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Айни ҳол дар хоҷагиҳои деҳқонии “Навоҳин А”, “Ҳоҷи Мулло Умар”- и ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ва “Равшанбек”- и ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кандани чоҳи амудӣ, насби ноқилу симчубҳо, трансфоматорҳо ва маҳкам намудани атрофи он бо панҷара ба анҷом расида, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.