Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас, дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.
Санаи 29-уми сентябри соли 2025-ум бо ибтикори Шӯрои занон маҳфили адабии бахшида ба зодрузи яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино дар толори Вазорат баргузор гардид.

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Абӯ Алӣ Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино ё Ибни Сино, (16 августи 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни 1037, Ҳамадон) – яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос – астроном, химик, геолог, олими мантиқ, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос (психолог), файласуф, табиатшинос, муаллим ва адиби бузурги исломии форсу тоҷик аст.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ
ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Қонун” ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Иштирокдорони маҳфил оиди зиндагинома ва мероси бузурги адабии устод Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карданд. Ҳозирин аз ашъори пурғановати устод порчаҳои шеърӣ қироат намуданд , ки бо маънии баланди сухан ифшо гардидааст.

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд,
Дар маърифатат чу нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.